Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ ( WTO ) ; мустақар дар Женеваи Швейтсария дар тозатарин арзёбии худ аз низоми тиҷорати ҷаҳонӣ эълом кард ки пештар интизор дошт тиҷорати колоҳо дар соли ҷорӣ бо рушдии баробар бо 2 . дарсад афзоиш ёбад . Аммо акнӯн дар натиҷаи сиёсатҳои тиҷории Вашингтон , пешбинӣ мекунад ки тиҷорати колоҳо бо коҳиши 0 . 2 дарсадӣ мувоҷеҳ шавад . Ба гузориши Порс тудей , ба нақл аз Ирно , Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ , рӯзи чаҳоршанбе тарофаҳои Трамп ,ро мӯҷиби ақаб гардии тиҷорати байналмилалӣ ва коҳиши шадиди рушди иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли ҷорӣ донист . Банно ба эъломи ин созмон , агар Трамп тарофаҳои густардаи худро ба таври комил эъмол кунад , рушди тиҷорати колое то 0 . 6 дарсад коҳиш хоҳад ёфту асароти он фаротар аз тиҷорати муртабит бо Амрико низ сабаби коҳиши дубораи 0 . 8 дарсадии рушд тиҷорат хоҳад шуд .
Трамп иддао кард : Ҳазфи молиёт бо даромадҳои тарофаӣ
Дар ҳамин ҳол , Доналд Трамп , раиси ҷумҳӯри Амрико , тайи изҳороте муддаӣ шуд ки даромади ҳосил аз тарофаҳои мавсӯм ба « рӯзи озодӣ » мумкинаст ба андозае бирасад ки битавонад ҷойгузини молиёт бар даромадҳо дар ин кишвар шавад .
Трампи муомилагар зер суол рафт
Трамп аз сӯи сиёсатҳои иқтисодии худро бо иборат « рӯзи озодӣ » тавҷеҳ мекунад , ва аз сӯи дигар ҳафтаномаи амрикоӣ « Ниюзвик » менависад : Ҷанги тарофаҳо , тасвири Трамп аз як муомилагари моҳиру тоҷири зиракро зери суоли бурд . Ба навиштаи ин расонаи амрикоӣ , дар ҳоле ки мавзӯи иқтисодӣ аз муҳимтарин авомили иқболи амрикоеҳо ба « Доналд Трамп » буд , додаҳои оморӣ аз афзоиши норизояти рай диҳандагони амрикои нисбат ба мудирияти иқтисодии ӯ ҳикоят дорад .
Афзоиши бекорӣ , пайомади тарофаҳои Трамп аст
Дар идомаи интиқодҳо аз эъмоли тарифаҳо тавассути Трамп , « Jerome Powell » раиси Бонки марказии Амрико низ рӯз чаҳоршанбе гуфт : « Дар натиҷаи тарифаҳое, ки Трамп вазъ кардаасту эҳтимолани тарофаҳои бештарӣ низ вазъ хоҳад шуд , бо кунд шудани рушди иқтисодӣ , бекорӣ афзоиш меёбад . »
Фармондори Калифорния : Аз Трамп шикоят мекунам
« Gavin Christopher Newsom» фармондор « Калифорния » ба унвони панҷумин иқтисоди бузурги дунё низ рӯз чаҳоршанбе гуфт ки алайҳи тарофаҳои « Трамп » шикоят мекунад. Дар ин шикоят омадааст : Истифодаи Трамп аз « қонӯни ихтиёроти изтирории иқтисоди байналмилалӣ » барои эъмоли ин тарифаҳои бидӯни таъйиди Конгресс , ғайриқонунӣ будааст.
Экономист : Мушкилот шадидтар мешавад
Ҳафтаномаи « Экономист » Англис низ дар гузорише навишт : Шохисҳои иқтисодии ахир дар Амрико ҳокӣ аз онаст ки дарду мушкили кӯтоҳ муддате, ки Трамп ваъдаи ғалаба бар онро дода буд , мумкинаст шадидтар аз ончи эълом шуда , бошад . Бар асоси навиштаи ин расонаи англисӣ , шохиси эътимоди масрафкунанда дар моҳи апрел ба 50 . 8 суқӯт кард ки поинтарин сатҳ дар таърих Амрикост .
342/
Your Comment